Дар шаҳри Душанбе курси дуҳафтаинаи мураббиён барои соҳиб шудан ба муҷаввизи дараҷаи “С”-и Конфедератсияи футболи Осиё оғоз шуд.
Роҳбарии курсро дастурдиҳандаи Конфедератсияи футболи Осиё аз Тоҷикистон Боир Игамбердиев ба зимма дорад. Ӯро сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони то 19 соли Тоҷикистон Мубин Эргашев кӯмак мекунад.
Ба курси мазкур 25 нафар ҷӯяндагони иҷозатномаи мазкур фаро гирифта шудаанд, ки инҳо – Миршариф Камолов, Рухиншо Камолзода, Шӯҳрат Халифаев, Владимир Сисоев, Хайрулло Султанов, Хоҷиқурбон Саидов, Муллораҷаб Мирзоев, Наимҷон Қурбонов, Маъруф Абдулҳамидов, Азамат Шодиев, Шерафган Шарифов, Суфишариф Шарипов, Фаррух Ҳоҷиев, Сафармаҳмад Шоймардонов, Алиҷон Мирзораҳимов, Мустафо Исломов, Сайёра Саидова, Сипеҳр Ансорӣ, Шаҳбоз Ҳусейнов, Фарухрӯз Замиров, Нуъмон Зокиров, Парвиз Турсунов, Меҳвар Сулаймонов, Алиҷон Зарипов ва Ҳусейн Давлатов мебошанд.
Барномаи курс аз машғулиятҳои амаливу назариявӣ иборат буда, дар ҷамъбаст ҷӯяндагони иҷозатномаи мураббигӣ имтиҳон карда мешаванд ва дар сурати бомуваффақият супоридани имтиҳонҳо ба онҳо иҷозатномаи мураббигии дараҷаи “С”-и Конфедератсияи футболи Осиё супорида мешавад.