Имрӯз «Равшан» дар Ҷоми КФО-2023/24 бо «Марв» бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз «Равшан» дар Ҷоми КФО-2023/24 бо «Марв» бозӣ мекунад

Имрӯз, 30 ноябр дар Ашхобод бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ баргузор мешавад, ки дар доираи он бошгоҳҳои «Марв» (Туркманистон) ва «Равшан» (Тоҷикистон) ба ҳам меоянд.

Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Ашхобод» баргузор шуда, соати 17:00 оғоз мегардад. Пахши мустақими вохӯриро шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Футбол» ба роҳ мемонанд.

Дар бозии имрӯза ба ноибқаҳрамони Тоҷикистон барору комёбӣ таманно дорем!

 

🏆 Ҷоми КФО-2023/24

♦️ Минтақаи марказӣ

Гурӯҳи «Е». Даври 5

📅 30 ноябр (панҷшанбе)

️ Оғоз – соати 17:00

🇹🇲 «Марв» (Туркманистон) – 🇹🇯 «РАВШАН» (ТОҶИКИСТОН)

🏟 Ашхобод, варзишгоҳи «Ашхобод»

Назари худро бинависед