Имрӯз дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи чемпионати CAFA-2024 бо мунтахаби Афғонистон бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи чемпионати CAFA-2024 бо мунтахаби Афғонистон бозӣ мекунад

Имрӯз, 21 август дар Душанбе бозиҳои даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 17-сола баргузор мешаванд, ки бар асоси натоиҷи он иштирокчиёни вохӯрии ниҳоии мусобиқа муайян мешаванд.

Дастаи наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо тими Афғонистон вомехӯрад. Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 21:30 оғоз мегардад.

Дар гурӯҳи «В» соати 18:30 бозии дастаҳои наврасони Эрон ва Ӯзбекистон шуруъ мешавад.

Даромад ба Варзишгоҳи марказии Душанбе ройгон аст. Ҳамаи мухлисонро ба тамошои футбол даъват мекунем!

Назари худро бинависед