Роҳбарияти бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе мутахассиси маъруф Игор Черевченкоро ба вазифаи сармураббии нави даста таъйин кард.
Имрӯз, 18 январ дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» маросими имзои қарордод миёни бошгоҳи футболи «Истиқлол» ва сармураббии нави даста Игор Черевченко баргузор шуд. Ба иттилои хадамоти матбуотии бошгоҳи Душанбе, шартномаи ҳамкорӣ бо мураббии маъруф ва собиқ ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон то охири соли 2023 эътибор дорад. Вазифаи Черевченко расонидани «Истиқлол» ба натиҷаҳои баландтарин дар ҳама мусобикаҳо ба шумор меравад.
Ба Игор Черевченко дар «Истиқлол» боз як дастпарвари дигари футболи тоҷик, собиқ нимҳимоятгари дастаи «Помир»-и Душанбе Юрий Батуренко, ки ба вазифаи ёвари мураббӣ таъйин шуд, кӯмак мекунад. Шартнома бо Батуренко низ то охири соли равон муҳлат дорад.
Қаблан Игор Черевченко бошгоҳҳои футболи Русия – «Локомотив», «Балтика», «Арсенал» ва «Химки»-ро роҳбарӣ кардааст. Юрий Батуренко бошад, дар дастаҳои «Локомотив», «Балтика», «Габала», «Мордовия», «Анжи», «Ротор» ва «Ростов» ба ҳайси ёвари мураббӣ кор кардааст.