Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло аз Тоҷикистон дар бозиҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни ҷавонон (U-20), ки аз 1-ум то 18-уми март дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, ба ҳайси довар таъйин гардид.
Ба ҷуз аз Гулмуроди Саъдулло боз ду намояндаи Тоҷикистон – ёвари довари ФИФА Вафо Қараев ва сардори раёсати доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Абдуллоев барои доварон ба ҳайси инстурктори фитнес дар чемпионати Осиё байни ҷавонон кор мекунанд.
Бояд гуфт, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои ҷавонони то 20-сола 16 даста баромад мекунад. Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «С» бо мунтахабҳои Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8 март) нерӯ месанҷад.
Пас аз ҷамъбасти Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон дар Ӯзбекистон чаҳор тими беҳтарин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонии футбол-2023 мешавад, ки баргузориаш дар Индонезия ба нақша гирифта шудааст.