Доварони Тоҷикистон дар семинари CAFA ширкат доранд – Федерация Футбола Таджикистана

Доварони Тоҷикистон дар семинари CAFA ширкат доранд

Панҷ довар аз Тоҷикистон дар семинари доварони Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки дар Тошканд ҷараён дорад, ширкат доранд.

Тоҷикистонро дар курсҳои доварони ФИФА доварони ФИФА Насрулло Кабиров, Сайёдҷон Зайниддинов, Абдулло Давлатов, инчунин Нодира Мирзоева ва Наталя Сотникова намояндагӣ мекунанд. Сардори департаменти доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Абдуллоев дар семинари доварони Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ба ҳайси фитнес-инструктор фаъолият дорад.

Дар доираи курсҳои доварӣ ҳам дарсҳои назариявӣ ва ҳам амалӣ гузаронида мешаванд.

Назари худро бинависед