Игор Ангеловский: «Ҳамаи бозигарон дар мадди назари ситоди мураббиёнанд» – Федерация Футбола Таджикистана

Игор Ангеловский: «Ҳамаи бозигарон дар мадди назари ситоди мураббиёнанд»

Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Игор Ангеловский ҳайати интихобкардаи дастаро барои бозиҳои дӯстонаи дарпешистода бар зидди мунтахабҳои Озарбойҷон (23 сентябр, Боку), Фаластин (28 сентябр, Чунсин) ва Чин (6 октябр, Чунсин) шарҳ дод.

«Дар пеш моро давраи ниҳоят муҳим интизор аст, ки дар доираи он бояд се бозии дӯстона бар зидди рақибони пурқувват – Озарбойҷон, Фаластин ва Чин баргузор кунем.

Мехоҳам таъкид намоям, ки футболбозоне, ки ба бозиҳои моҳи июн муқобили Ҳиндустон даъват шуда буданд, вале ба ҳайати ҳозира шомил нашудаанд, ба ҳеҷ ваҷҳ аз мадди назари ҳайати мураббиён берун намондаанд. Раванди интихоб ҳамоно боз боқӣ мемонад. Дар ин марҳила барои мо зарур аст, ки вариантҳои нави тактикиро санҷем ва рақобатро дар дохили даста бештар намоем. Дарҳои тими миллӣ барои ҳамаи футболбозоне, ки бо нишон додани бозии хуб дар дастаҳои худ сазовори даъват шудан мебошанд, бозанд.

Дар доираи ҷамъомади дарпешистода мо инчунин чанд футболбози тими ҷавонони Тоҷикистон (U-20)-ро ба ҳайат шомил кардем. Мехоҳам дастаи ҷавононамонро ба муносибати роҳ ёфтан ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 табрик намоям. Ин футболбозон бо бозии худ ва ворид шудан ба ҳайати тими миллӣ собит карданд, ки ояндаи футболи Тоҷикистон мебошанд.

Се бозии дарпешистода барои онҳо имконияти хубе хоҳад буд, то фишор ва суръати футболи сатҳи калонсолонро эҳсос кунанд. Ҳадафи асосӣ дар ин марҳила таҳкими ҳамоҳангии тактикӣ ва рӯҳияи даста дар остонаи Ҷоми Осиё-2027 мебошад.

Ҳар се бозиро мо дар меҳмонӣ баргузор мекунем, ки ин барои қобилияти даста дар мутобиқ шудан ба шароити мураккабтар, инчунин парвозҳо ва сафарҳои тӯлонӣ, санҷиши ҷиддӣ хоҳад буд. Ман аз футболбозон омодагии комил, интизом ва тамаркузи баландро дар майдон талаб мекунам, зеро танҳо бо чунин муносибат мо метавонем пеш аз Ҷоми Осиё-2027, ки моҳи январ баргузор мешавад, ба саволҳои зарурӣ ҷавоб пайдо кунем.

Умедворам, ки нимҳимоятгари «Истиқлол» Эҳсони Панҷшанбе ба мо кӯмак карда метавонад. Айни замон ӯ пас аз ҷароҳат давраи барқароршавиро мегузаронад ва иштироки ӯ дар бозӣ аз иҷозаи ҳайати тиббӣ вобаста хоҳад буд», – гуфт сармураббии мунтахаби кишвар Игор Ангеловский.

Назари худро бинависед