Ситоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Игор Ангеловский ҳайати дастаро барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон кард.
Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 28 бозигар шомил шудаанд – 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар.
Дар рӯзҳои ФИФА-и моҳҳои сентябр ва октябр мунтахаби Тоҷикистон се бозии дӯстона баргузор мекунад. 23 сентябр мунтахаби мо дар варзишгоҳи «Palms Sports Arena»-и шаҳри Боку бо мунтахаби Озарбойҷон вомехӯрад.
Пас аз ин мунтахаби Тоҷикистон ба шаҳри Чунтсини Чин сафар карда, онҷо ду бозии дигари дӯстона баргузор менамояд. 28 сентябр шогирдони Игор Ангеловский бо мунтахаби Фаластин ва рӯзи 6 октябр бо тими миллии Чин рӯ ба рӯ мешаванд.
Яккачини Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳои дарпешистода 18 сентябр дар Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон воқеъ дар Варзоб оғоз мекунад.