Ҳафтаи ҷорӣ доварони Тоҷикистон дар бозиҳои мусобиқаҳои гуногуни Конфедератсияи футболи Осиё иштирок намуданд.
Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло, ёвари довари ФИФА Ҳасан Каримов, дастурдиҳандаи омодагии ҷисмонии КФО Рустам Абдуллоев ва ёвари довари ФИФА Дилшода Раҳмонова дар ин рӯзҳо дар мусобиқаи футболи Бозиҳои 20-уми Осиёӣ дар Ҷопон фаъолият доранд.
Гулмуроди Саъдулло ва Ҳасан Каримов бозии байни дастаҳои олимпии Эрон ва Амороти Муттаҳидаи Арабро (3:1) ҳакамӣ карданд. Дилшода Раҳмонова дар ҳайати доварон дар бозии мунтахабҳои занонаи Ӯзбекистон ва Филиппин (1:1) ба ҳайси ёвари довари асосӣ фаъолият намуд.
Довари дигари Тоҷикистон, довари ФИФА Абдулло Давлатов дар ҳайати дастаи доварони Ӯзбекистон ба бозии даври якуми Лигаи қаҳрамонҳои элитаи КФО-2026/27 байни дастаҳои «Ал-Айн»-и Амороти Муттаҳидаи Араб ва «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ ба ҳайси довари эҳтиётӣ таъйин шуд. Ин бозӣ бо пирӯзии «Ал-Айн» бо ҳисоби 4:0 анҷом ёфт.
Доварони ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов ва Амирҷон Хоркашев низ дар ҳайати дастаи доварони Ӯзбекистон бозии Лигаи қаҳрамонҳои элитаи КФО-2026/27 байни дастаҳои «Гамба Осака»-и Ҷопон ва «Конг Ан Ханой»-и Ветнамро ҳакамӣ карданд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 4:1 ба нафъи клуби ҷопонӣ анҷом ёфт. Сайёдҷон Зайниддинов вазифаи довари эҳтиётиро иҷро намуда, Амирҷон Хоркашев ба ҳайси довари VAR фаъолият кард.
Ҳамчунин, довари ФИФА Насрулло Кабиров дар бозии Лигаи қаҳрамонҳои элитаи КФО-2026/27 байни тимҳои «Ҷоҳор»-и Малайзия ва «Бурирам Юнайтед»-и Тайланд вазифаи довари эҳтиётиро иҷро намуд.