Доварони Тоҷикистон барои ҳакамии бозиҳои Конфедератсияи футболи Осиё таъйиноти нав гирифтанд.
Гурӯҳи доварони Гулмуроди Саъдулло бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои элитаи КФО-2024/25 дар минтақаи Шарқӣ байни бошгоҳҳои «Шанхай Порт» (Чин) ва «Сентрал Коуст Маринерс» (Австралия)-ро, ки 22 октябр дар Шанхай барпо мешавад, доварӣ мекунад. Ба ӯ ёварони довари ФИФА Ҳасан Каримов ва Вафо Қараев кӯмак мекунанд. Вазифаи довари чорумро довари ФИФА Насрулло Кабиров иҷро менамояд.
Сипас, гурӯҳи Гулмуроди Саъдулло бозии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2024/25 дар минтақаи Ғарб байни бошгоҳҳои «Ал-Аҳли Саудӣ» (Арабистони Саудӣ) ва «Ал-Шорта» (Ироқ)-ро ҳакамӣ мекунад. Ин дидор рӯзи 4 ноябр дар Ҷидда баргузор мешавад. Ба Гулмуроди Саъдулло Ҳасан Каримов ва Вафо Қараев кӯмак мерасонанд. Сайёдҷон Зайниддинов довари эҳтиётӣ таъйин шуд.
Ду довари ҷавон Абдулло Давлатов ва Амирҷон Хоркашев дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои наврасони то 17-сола кор мекунанд. Абдулло Давлатов якҷо бо ёвар Исмоил Нуралиев бозиҳои интихобии гурӯҳи «F»-ро дар Қатар ва Амирҷон Хоркашев ҳамроҳ бо ёвари довари марказӣ Фарҳод Куралов бозиҳоро дар гурӯҳи «I» дар Ветнам доварӣ мекунанд.