Дар шаҳри Турсунзода ҷамъомади таълимии доварони дараҷаи аввал, ки дар бозиҳои чемпионати Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои лигаи олӣ ҳакамӣ мекунанд, ба анҷом расид.
Барномаи таълим дарсҳои назариявӣ ва амалиро дар бар гирифт. Дастурдиҳандаи машғулиятҳои назариявӣ Умед Раҳимов ва фитнес-инструктор Кристина Пронженко буданд.
Дар ҷамъомад 28 довар – 8 нафар довари марказӣ ва 20 нафар ёвари довар иштирок доштанд. Аз рӯйи барномаи таълим доварон бояд имтиҳонҳои омодагии ҷисмониро супоранд. Иштирокчиёни ҷамъомад дар машғулиятҳои назариявӣ лаҳзаҳои барои баҳогузорӣ мушкилро таҳлил намуданд.