Дастаи мунтахаби футболи занони Индонезия ба марҳилаи ниҳоии Қаҳрамонии Осиё-2022 роҳ ёфт – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи мунтахаби футболи занони Индонезия ба марҳилаи ниҳоии Қаҳрамонии Осиё-2022 роҳ ёфт

Дастаи мунтахаби футболи бонувони Индонезияи бо касби мақоми аввал дар гурӯҳи “С” ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2022 роҳ ёфт.

Дар бозии дуюми марҳилаи интихобӣ мунтахаби футболи бонувони Индонезия бо ҳисоби минималии 1 бар 0 тими Сингапурро мағлуб сохта, соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2022 гардид.

Дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2022, ки имрӯзҳо дар Душанбе баргузор шуда истодааст, ҳамагӣ як вохӯрии дигар боқӣ монд ва дар он рӯзи чоршанбеи 29-уми сентябр мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ветнам вомехӯранд.  Барои роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2022 ба мунтахаби футболи занони Тоҷикистон танҳо ғалаба лозим аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ветнамиҳоро барои роҳ ёфтан ба марҳилаи баъдӣ, дар вохӯрӣ бо Тоҷикистон натиҷаи мусовӣ низ басанда аст.

 

Марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2022 байни мунтахабҳои миллии футболи занона

Гурӯҳи «С»

Даври 1-ум

Сингапур – Индонезия – 0:1

 

Даври 2-юм

Индонезия – Сингапур – 1:0

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 Индонезия 2 2 0 0 2-0 6
2 Сингапур 2 0 0 2 0-2 0

 

Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

Молдив – Ветнам – 0:16

 

Даври 2-юм

ТОҶИКИСТОН – Молдив – 4:0

ГолҳоЛайло Ҳалимова, 2 (1:0). Некӯбахт Худододова, 13 (2:0). Лайло Ҳалимова, 24 (3:0). Наталя Сотникова, 58 (4:0).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣЛайло Ҳалимова (Тоҷикистон).

26 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 Ветнам 1 1 0 0 16-0 3
2 ТОҶИКИСТОН 1 1 0 0 4-0 3
3 Молдив 2 0 0 2 0-20 0

 

Даври 3-юм

29 сентябр (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 18:00

Ветнам – ТОҶИКИСТОН

Назари худро бинависед