Дастаи ҷавонони Тоҷикистон боз бо ҳамсолони худ аз Беларус мусовӣ кард – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон боз бо ҳамсолони худ аз Беларус мусовӣ кард

Имрӯз, 10-уми июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода бозии санҷишии дуюм миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ва Белорус баргузор шуд.

Вохӯрӣ ба ҳисоби 2:2 хатм шуд. Аз ҳайати мунтахаби ҷавонони мо ҳамлагари «Барқчӣ»-и Ҳисор Масрур Ғафуров ба номаш дубл сабт намуд.

Қаблан дар рақобати санҷишии якуми дастаҳо низ ғолиб маълум нашуда буд – 1:1.

Қобили зикр аст, ки рақибони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 рӯзи 13-уми июн дар қуръакашии ин мусобиқот маълум хоҳад шуд.

Назари худро бинависед