Дар меҳмонхонаи «Ширкент»-и шаҳри Турсунзода семинари омӯзишӣ-методӣ барои нозирони доварон, ки дар мавсими нав дар бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон кор мекунанд, ба анҷом расид.
Дар семинар, ки аз ҷониби раёсати доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон роҳандозӣ гардид, 21 нозир ширкат варзид.
Дастурдиҳандаи семинар Владислав Сейтлин инструктори Конфедератсияи футболи Осиё аз Ӯзбекистон буд.
Ҳадафи семинар ноил шудан ба тафсири ягонаи Қоидаҳои бозӣ дар ҳама сатҳи мусобиқаҳо, такмил додани дониш дар соҳаи назария, методология, амалияи санҷишӣ ва инчунин супоридани санҷиши видеоӣ мебошад.
Аз рӯйи натиҷаи имтиҳонҳо беҳтарин нозироне, ки дар бозиҳои чемпионати Тоҷикистон-2025 байни дастаҳои лигаи олӣ кор хоҳанд кард, интихоб гардиданд.