Дар Душанбе семинари омӯзишӣ барои кор бо системаи VAR ҷараён дорад – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе семинари омӯзишӣ барои кор бо системаи VAR ҷараён дорад

Раёсати доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон марҳилаҳои омӯзиши доварони кишварро бо системаи видеодовар (VAR) идома медиҳад.

Давоми се рӯз таҳти роҳбарии инструктори Конфедератсияи футболи Осиё Владислав Сейтлин аз Ӯзбекистон 27 нафар довари Тоҷикистон барои кор бо ин система дар симулятор, таҳлили ҳолатҳо аз махзани наворҳои ФИФА омӯзонида мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҷорӣ намудани системаи видеодовар (VAR) аввалҳои моҳи август аз нимаи дуюми чемпионати кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ дар назар аст.

Назари худро бинависед