CAFA-2022 (U-19): имрӯз мунтахаби Тоҷикистон бо Эрон бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

CAFA-2022 (U-19): имрӯз мунтахаби Тоҷикистон бо Эрон бозӣ мекунад

Имрӯз, 12-уми август дар Душанбе бозиҳои ниҳоии чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои ҷавонони то 19-сола баргузор мешаванд.

Пас аз чаҳор давр тими миллии Тоҷикистон бо шаш имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад. Се даста – Эрон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон 5-имтиёзӣ доранд.

Имрӯз соати 18:00 вохӯрии дастаҳои Афғонистон ва Ӯзбекистон оғоз мешавад. Сипас, соати 21:00 дастаҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Эрон бо ҳам вомехӯранд.

Бояд қайд кард, ки даромад ба Варзишгоҳи марказии Душанбе ройгон аст. Ҳамаро ба тамошои футбол даъват мекунем!

 

Чемпионати CAFA-2022 миёни мунтахабҳои то 19 сола

Даври 5

12 август (ҷумъа)

18:00 – Афғонистон – Ӯзбекистон

21:00 ТОҶИКИСТОН – Эрон

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед