Ҷамъомади тамринии мунтахаби Тоҷикистон дар Давҳа ба анҷом расид – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷамъомади тамринии мунтахаби Тоҷикистон дар Давҳа ба анҷом расид

Мунтахаби Тоҷикистон дар доираи ҷамъомади тамринии Давҳа машқҳои охирини худро анҷом дод.

Имрӯз ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон боз панҷ бозигар омаданд. Инҳо ҳимоятгарон Зоир Ҷӯрабоев ва Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Нефтчӣ») ва ҳамлагар Шаҳром Самиев («Андиҷон»), ки дар чемпионати Ӯзбекистон бозӣ мекунанд, инчунин нимҳимоятгари тими ССКА-1948 Парвизҷон Умарбоев ва бозигари тими «Самтредия»-и Гурҷистон Муродалӣ Ақназаров мебошанд. Ҳайати комили мунтахаби Тоҷикистон дар Риёз ҷамъ мешавад. Онҷо ҳимоятгар Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон) ва нимҳимоятгар Руслан Хайлоев («Тюмен»-и Русия) ба даста мепайванданд.

Шоми пагоҳ, 18 март тими миллии Тоҷикистон барои анҷоми бозии даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо дастаи Арабистони Саудӣ, ки рӯзи 21 март баргузор мешавад, ба Риёз меравад.

Назари худро бинависед