Аллакай 10 ҳазор чиптаи бозии дастаҳои «Истиқлол» – «Ал-Наср» фурӯхта шудааст – Федерация Футбола Таджикистана

Аллакай 10 ҳазор чиптаи бозии дастаҳои «Истиқлол» – «Ал-Наср» фурӯхта шудааст

То вохӯрии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 миёни бошгоҳҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) шаш рӯз боқӣ мондааст ва аз нисф зиёди чиптаҳои бозӣ аллакай фурӯхта шудаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи «Истиқлол»-и Душанбе, то имрӯз беш аз 10 ҳазор чипта фурӯхта шудааст. Чиптаҳои бозии дарпешистода дар се категория пешниҳод карда шудаанд. Категорияи якум – нишастгоҳҳои ғарбӣ (бахшҳои 1, 2, 3, 4) нархаш 300 сомонӣ мебошад. Барои нишастгоҳҳои боқимонда (шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ) нархи як чиптаи категорияи дуюм 100 сомонӣ муқаррар шудааст. Арзиши чиптаҳои категорияи VIP 3000 сомониро ташкил медиҳад.

Чиптаҳо дар хазинаи Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ва дар мағозаи расмии «Истиқлол» – «Joma» дар суроғаи Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-85 ба фурӯш гузошта шудаанд.

Қобили зикр аст, ки вохӯрии даври шашуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 байни бошгоҳҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) 5 декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе сурат гирифта, соати 21:00 оғоз мешавад.

Назари худро бинависед