8 сентябр мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Сингапур бозии дӯстона анҷом медиҳад – Федерация Футбола Таджикистана

8 сентябр мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Сингапур бозии дӯстона анҷом медиҳад

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Сингапур дар бораи баргузории як бозии дӯстона миёни тимҳои миллии ду кишвар дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи сентябр ба мувофиқа расиданд. 

Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Сингапуру Тоҷикистон 8 сентябр дар Сингапур баргузор шуда, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 16:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Қаблан дар сатҳи тимҳои миллӣ дастаҳои Сингапур ва Тоҷикистон се бор бо ҳам вохӯрдаанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 (1:0) пирӯз шуда, мунтахаби Сингапур (2:0) – дар мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010 ғолиб гардидааст. Рақобати дастаҳо дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010 мусовӣ (1:1) анҷом ёфтааст.

 

🤝 Бозии дӯстона

📅 8 сентябр (ҷумъа)

️ Оғоз – соати 16:30 ба вақти Душанбе

🇸🇬 Сингапур – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

Назари худро бинависед