Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухлисон барои дастгирии тими миллии Тоҷикистон дар бозии дӯстона муқобили яккачини Непал изҳори сипос мекунад.
Ин вохӯрӣ рӯзи 13 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дар ҳузури 6350 тамошобин баргузор шуда, бо ҳисоби 4:0 ба фоидаи дастаи мо анҷом ёфт.
Мо ба роҳбарони гурӯҳи мухлисони дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон Саъдӣ Исмоилов ва Шуҳрат Шонов, ки чун анъана дар қисмати шарқии Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе тими миллии кишварро фаъолона дастгирӣ карданд, изҳори сипос мекунем.
Бо истифода аз фурсат тамоми мухлисонро ба бозии дӯстонаи тими миллии Тоҷикистон муқобили мунтахаби Афғонистон, ки рӯзи 19 ноябр соати 18:00 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, даъват менамоем.