Рӯзҳои 22 ва 23 октябр дар Душанбе бозиҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2024/25 баргузор мешаванд – Федерация Футбола Таджикистана

Рӯзҳои 22 ва 23 октябр дар Душанбе бозиҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2024/25 баргузор мешаванд

Аввали ҳафтаи оянда дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозиҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2024/25 бо ширкати бошгоҳҳои Тоҷикистон баргузор мешаванд.

22 октябр қаҳрамони Тоҷикистон, бошгоҳи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар гурӯҳи «С» дастаи «Ал-Ваҳдат»-и Урдунро қабул мекунад. Ин вохӯрӣ соати 19:00 оғоз мешавад.

Ноибқаҳрамони кишвар «Равшан»-и Кӯлоб рӯзи 23 октябр дар доираи бозии даври сеюми гурӯҳи «А» дар Душанбе бо «Трактор»-и Эрон рақобат мекунад. Бозӣ соати 19:00 оғоз мешавад. Дар ибтидо ин бозӣ мебоист дар Эрон баргузор мешуд, аммо бошгоҳҳо табодули давр карданд. Дар даври чоруми марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи 6 ноябр «Трактор» ва «Равшан» дар Табрез нерӯ месанҷанд.

Назари худро бинависед