Петр Сегрт: «Мо дар Ҷоми Осиё аз гурӯҳ баромадем, аммо акнун беш аз инро мехоҳем» – Федерация Футбола Таджикистана

Петр Сегрт: «Мо дар Ҷоми Осиё аз гурӯҳ баромадем, аммо акнун беш аз инро мехоҳем»

Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ дар бораи он ки чӣ гуна даста ба вохӯрии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 муқобили тими миллии Амороти Муттаҳидаи Араб омода мешавад, сухан кард.

 

Петр СЕГРТ, сармураббии тими миллии Тоҷикистон: 

– Дар бозӣ бо тими миллии АМА мо то садои ҳуштаки ниҳоӣ мубориза хоҳем бурд. Умедворам, ки дар Ҷоми Осиё боз як бозии таърихӣ дорем. Ин маҳз ҳамон чизест, ки ман мехоҳам. Зеро дар се рақобати марҳилаи гурӯҳии мусобиқа футболи хуб нишон додем.

Мо сӯи орзуи худ равонем. Вақте имконият ҳаст, бояд пеш равем. Дигар дар марҳилаи гурӯҳӣ нестем. Ба даври плей-оффи Ҷоми Осиё баромадан як ҳангомаи бузург буд, аммо акнун беш аз инро мехоҳем. Ҳама инро мехоҳад, тамоми мардуми Тоҷикистон. Мо танҳо барои ғалаба кӯшиш мекунем. Имкониятҳои худро таҳлил мекунем, мебинем, ки мо чӣ қадар қувва дорем. Муқобили тими АМА мубориза хоҳем бурд. Ман бо бозигарони Тоҷикистон ифтихор мекунам. Баъзе дастаҳо ба Ҷоми Осиё танҳо барои қаҳрамонӣ омадаанд, аммо футбол танҳо ғолибият нест. Футбол мафҳуми васеътар дорад.

– Чӣ бояд кард ва шумо то чӣ андоза боварӣ доред, ки бозигаронатон бар тими АМА пирӯз мешаванд?

– Аз гуфтани он ки фардо чӣ мешавад, хаста шудаам. Чизеро ки кафолат дода метавонам, ин аст, ки бозигарони ман то ҳадди имкон мубориза мебаранд. Мо футболбозони ҷарроҳатдошта дорем, пагоҳ мебинем, ки чӣ мешавад. Мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб пурқувват аст, онҳо бозигарони ботаҷриба доранд. Шояд бисёре аз хабарнигороне, ки инҷо нишастаанд, надонанд, соли гузашта дар Абу-Даби бо тими Амороти Муттаҳидаи Араб бозии дӯстона гузаронида, бо ҳисоби 0:0 мусовӣ анҷом дода будем. Ҳоло ба тими миллии АМА сармураббии нав омадааст. Ин бозии хеле ҷолиб хоҳад буд. Дар рақобат бо АМА имкони дастаҳо панҷоҳ бар панҷоҳ аст. 

– Барои шумо илҳом додани дастае, ки аллакай ба даври плей-офф роҳ ёфтааст, душвор нест?

– Медонед, ба ман зарур нест, ки бозигарони худро ҳавасманд кунам. Онҳо ҳирфаиянд. Чил рӯз боз бо ҳам ҳастем. Ва дар ин муддат онҳо кори бузург анҷом доданд. Бовар кунед, ҳар як бозигари мо мехоҳад дар бозии пагоҳина ғалаба кунад. Ва мо мубориза хоҳем бурд!

 

Назари худро бинависед