Имрӯз дар Душанбе қисми ниҳоии чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 15-сола ба анҷом расид. Медалҳои тиллоро футболбоздухтарони «Бунҷикат»-и ноҳияи Шаҳристон ба даст оварданд.
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни духтарони то 15-сола 31 май оғоз шуда, тӯли шаш моҳ дар ду марҳила сурат гирифт. Дар марҳилаи аввал 17 даста ба се минтақа – Душанбе (5 даста), Суғд (7 даста) ва Хатлон (5 даста) тақсим шуданд. Дар марҳилаи муқаддамотӣ бозиҳо аз рӯйи системаи даврӣ дар ду давр гузаронида шуданд. Ғолибони се гурӯҳ – «Регар-ТадАЗ» (гурӯҳи «А»), «Бешкент» (гурӯҳи «Б») ва «Бунҷикат» (гурӯҳи «В»), инчунин тими «Панҷшер», ки бо нишондоди беҳтарин дар гурӯҳи «Б» ҷойи дуюмро ишғол кард, ба қисми ниҳоии чемпионат роҳ ёфтанд.
Дар қисми ниҳоии чемпионат бозиҳо дар шаҳри Душанбе барпо гардиданд, ки дар он иштирокчиён ҷуфтҳои ниманиҳоиро ташкил карданд. Дар бозии аввали даври 1/2 ниҳоӣ «Бешкент» бар «Регар-ТадАЗ» (2:0) ғолиб омада, дар бозии дигар «Бунҷикат» аз «Панҷшер» (2:0) пурқувваттар баромад.
Дар рақобат барои ҷойи сеюм «Регар-ТадАЗ» тими «Панҷшер»-ро шикаст дод (1:0) ва барандаи медали биринҷӣ гардид. Дар бозии ҳалкунанда дастаҳои «Бунҷикат» ва «Бешкент» қувваозмоӣ карданд. Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Дар силсилаи зарбаҳои пеналти футболбозони «Бунҷикат» пирӯз гардида – 3:1, чемпиони Тоҷикистон шуданд.
Дар маросими ҷамъбастии мусобиқа директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров, директори Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон Абдулло Соқиев, сармураббии тими мунтахаби бонувони Тоҷикистон Юсуф Рабиев, сардори шуъбаи баргузории мусобиқоти ЛФБТ Сӯҳроб Ашӯров ширкат намуданд.
Беҳтарин дарвозабон Марҷона Маматқулова («Бунҷикат») дониста шуд. Алиса Ҳусанова (Бешкент) беҳтарин бозигари чемпионат эътироф гардид. Ҷоизаи беҳтарин нишонзан ба Маҳлиё Ҷумақулова («Бунҷикат»), ки 16 гол задааст, тақдим шуд. Давлат Шукуров беҳтарин мураббӣ эълон шуд, ки бо роҳбарии ӯ дастаи «Бунҷикат» медалҳои тиллои чемпионатро ба даст овард.