Ҷаласаи васеи шӯрои кумитаи техникии ФФТ барпо гардид – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷаласаи васеи шӯрои кумитаи техникии ФФТ барпо гардид

Имрӯз, 10 август дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи шӯрои Кумитаи техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи Кумитаи техникии ФФТ ноибони президент Дилшод Ҷӯразода ва Алишер Урунов, дабири кулл Фурқат Ахмедҷонов ва директори техникӣ Салоҳиддин Ғафуров ширкат доштанд.

Дар вохӯрӣ директорони Лигаи футболи Тоҷикистон, Лигаи футзали Тоҷикистон, Лигаи футболи бонувон, мудирони раёсатҳои доварон ва нозирони ФФТ, дастаҳои миллӣ, маркетинг, инчунин намояндагони федератсия дар вилоятҳо ва сармураббиёни мунтахаби олимпӣ (U-23) Мубин Эргашев ва мунтахаби футзал Пайрав Воҳидов оид ба корҳои анҷомдода дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳисобот доданд.

Дар доираи ҷаласа ҳамчунин бо мутахассиси 55-солаи итолиёвӣ Марко Раҷини қарордоди ҳамкорӣ имзо карда шуд. Ин коршинос ба ҳайси мушовири техникӣ оид ба таълими Федератсияи футболи Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард.

Дар ҷаласаи васеи шӯрои Кумитаи техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки дар шакли муколамаи ошкоро баргузор шуд, иштирокчиён ҳамчунин нақшаҳои худро барои нимсолаи дуюми соли 2023 баён намуда, масъалаҳоеро, ки дар ояндаи наздик ҳал кардан лозим аст, пешниҳод намуданд.

Назари худро бинависед