Мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо тимҳои миллии Арабистони Саудӣ ва Урдун бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо тимҳои миллии Арабистони Саудӣ ва Урдун бозӣ мекунад

Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муайян шуданд. Тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «G» бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Урдун ва ғолиби ҷуфти даври аввали интихобӣ миёни дастаҳои Камбоҷа – Покистон рақобат хоҳад кард.

Дар марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар қораи Осиё 36 даста рақобат мекунад. Дастаҳо аз 16 ноябри соли 2023 то 11 июни соли 2024 шаш бозӣ анҷом медиҳанд.

Пас аз ҷамъбасти даври дуюми интихобӣ ғолибони нӯҳ гурӯҳ ва дастаҳое, ки дар чаҳоргонаи худ ҷойҳои дуюмро мегиранд, муборизаро дар даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 идома дода, ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисмати финалии Ҷоми Осиё-2027 мешаванд.

Қуръакашии даври сеюми Ҷоми ҷаҳон-2026 соли 2024 баргузор мешавад. Аз рӯи натиҷаи он 18 даста ба се гурӯҳ тақсим мегардад. Пас аз натиҷагирии даври сеюм ду тими беҳтарин аз ҳар гурӯҳ соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2026 мешавад. Боз ду иштирокчии мустақими дигар аз Осиё дар даври чоруми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муайян карда мешавад ва як роҳхати дигари эҳтимолӣ тавассути плей-оффи байниқитъавӣ дастрас хоҳад шуд.

18 даста, ки дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 ҷойҳои сеюм ва чаҳорумро мегиранд, ба даври сеюм ва ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 роҳ меёбанд.

 

Натиҷаи қуръакашии даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026: 

Гурӯҳи «А»: Қатар, Ҳиндустон, Кувайт, ғолиби ҷуфти Афғонистон – Муғулистон. 

Гурӯҳи «В»: Ҷопон, Сурия, Кореяи Шимолӣ, ғолиби ҷуфти Мянмар – Макао. 

Гурӯҳи «С»: Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Тайланд, ғолиби ҷуфти Сингапур – Гуам. 

Гурӯҳи «D»: Уммон, Қирғизистон, Малайзия, ғолиби ҷуфти Тайбейи Чин – Тимори Шарқӣ. 

Гурӯҳи «E»: Эрон, Ӯзбекистон, Туркманистон, ғолиби ҷуфти Ҳонконг – Бутан. 

Гурӯҳи «F»: Ироқ, Ветнам, Филиппин, ғолиби ҷуфти Индонезия – Бруней. 

Гурӯҳи «G»: Арабистони Саудӣ, Урдун, ТОҶИКИСТОН, ғолиби ҷуфти Камбоҷа – Покистон. 

Гурӯҳи «H»: АМА, Баҳрайн, ғолиби ҷуфти Яман – Шри-Ланка, ғолиби ҷуфти Непал – Лаос. 

Гурӯҳи «I»: Австралия, Фаластин, Лубнон, ғолиби ҷуфти Малдив – Бангладеш.

Назари худро бинависед