Дар Душанбе фестивали футбол барои тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ва кӯдакони дорои синдроми Дауна гузаронида шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе фестивали футбол барои тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ва кӯдакони дорои синдроми Дауна гузаронида шуд

Дар арафаи Соли нави мелодӣ дар маҷмааи варзишии Академияи «Ювентус»-и шаҳри Душанбе имрӯз, 29 декабр барои тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шаҳринав ва кӯдакони дорои синдроми Дауна фестивал таҳти шиори «Футбол барои ҳама» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ, ки бо ибтикори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон баргузор шуд, 140 нафар кӯдак ширкат дошт. Пас аз анҷоми машқҳо таҳти садои мусиқӣ бачаҳо ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, дар эстафетаҳо иштирок карданд, футболбозӣ ва тӯббозӣ намуданд.

Фестивал ба бачаҳо ҳиссиёти фаромушнашаванда бахшид. Дар фарҷоми фестивали футбол ба ҳамаи иштирокчиён сару либоси варзишӣ, медалу тӯбҳои хотиравӣ супорида шуданд.

 

P.S. Мо ба Академияи бошгоҳи футболи «Ювентус»-и Душанбе, ки онро Равшан Бахтӣ роҳбарӣ мекунад, барои дастгирӣ ва таъмин намудани як макони бисёр ҳам қулай баҳри ташкили фестивал изҳори сипос мекунем.

Назари худро бинависед