Мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 озими Бишкек шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 озими Бишкек шуд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 субҳи барвақт ба шаҳри Бишкек расид.

Сармураббии тими миллии Тоҷикистон, мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт 25 бозигарро ҳамроҳи худ ба Бишкек бурд, ки 23 нафари онҳо ба дархости ниҳоии даста барои ширкат дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 шомил карда мешаванд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» бозӣ мекунад. Рақибони тими мо Мянмар (8 июн), Сингапур (11 июн) ва Қирғизистон (14 июн) хоҳанд буд. Ҳамаи бозиҳо дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек баргузор мешаванд.

Бар асоси натоиҷи марҳилаи интихобӣ ғолибони шаш гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарини дар зинаи дуюм ҷойгирифта ба қисмати финалии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023

Гурӯҳи «F»

Даври 1

8 июн (чоршанбе)

15:30 – ТОҶИКИСТОН – Мянмар

20:00 – Қирғизистон – Сингапур

 

Даври 2

11 июн (шанбе)

15:30 – Сингапур – ТОҶИКИСТОН

20:00 – Мянмар – Қирғизистон

 

Даври 3

14 июн (сешанбе)

15:30 – Мянмар – Сингапур

20:00 – Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН

Эзоҳ: оғози бозӣ ба вақти Душанбе аст.

Назари худро бинависед