Тибқи қуръакашии бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки имрӯз, 24-уми феврал, дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпури Малайзия доир гардид, дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои мунтахаби миллии Қирғизистон, Мянмар ва Сингапур рақобат мекунад.
Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ шаш гурӯҳи иборат аз чордастаӣ ташкил шуд. Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар шакли мутамарказ дар як давра рӯзҳои 8, 11 ва 14-уми июн дар Бишкек барпо мегарданд.
Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 ёздаҳ даста – шаш ғолиби гурӯҳ ва ҳамчунин панҷ дастае, ки бо натиҷаҳои хубтар дар ҷойи дувум қарор мегиранд, роҳ меёбанд.
Натоиҷи қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023:
Гурӯҳи «А»: Урдун, Кувайт (мизбон), Индонезия, Непал.
Гурӯҳи «В»: Фаластин, Филиппин, Яман, Муғулистон (мизбон).
Гурӯҳи «С»: Узбекистон (мизбон), Тайланд, Молдив, Шри-Ланка.
Гурӯҳи «D»: Ҳиндустон (мизбон), Ҳонконг, Афғонистон, Камбоҷа.
Гурӯҳи «Е»: Баҳрайн, Туркманистон, Малайзия (мизбон), Бангладеш.
Гурӯҳи «F»: Қирғизистон (мизбон), ТОҶИКИСТОН, Мянмар, Сингапур.