Дар шаҳри Турсунзода курси байналмилалии мураббиён барои дарёфти муҷаввизи мураббигии дараҷаи “В”-и Конфедератсияи футболи Осиё агҷом ёфт.
Курси мазкур зери роҳбарии дастурдиҳандаи Конфедератсияи футболи Осиё Боир баргузор гардид.
Дар маросими ҷамъбасти курс Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва директори техникии ФФТ Салоҳиддин Ғафуров иштирок намуданд Онҳо шунавандагонро барои анҷоми машғулиятҳо табрик гуфта, барояшон дар пешаи мушкили мураббигӣ барору комёбиро таманно намуданд.
Ёдрас мешавем, ки дар курси мазкур 23 нафар шунавандагон ширкат доштанд. Барномаи курс аз машғулиятҳои амаливу назариявӣ иборат буда, шунавандагон дар анҷом имтиҳон месупоранд ва шахсони ин имтиҳонҳоро бомуваффақият супорида, соҳиби муҷаввизи мураббигарии дараҷаи “В”-и Конфедератсияи футболи Осиё мешаванд.