Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) омодагиро ба марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2022 шурӯъ намуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) омодагиро ба марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2022 шурӯъ намуд

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 23 соли Тоҷикистон (U-23) бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев омодагияшро ба бозиҳои марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2022 оғоз бахшид.  Бозиҳои марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2022 моҳи октябр шурӯъ хоҳанд шуд.

Ба ҷамъомади омӯзишиву машқии даста, ки як ҳафта идома мекунад, Мубин Эргашев 27 бозингар, аз ҷумла 3 дарвозабон, 10 муҳофизатгар, 11 ниммуҳофизатгар ва 3 ҳамлагарро даъват кардаст.

Ёдрас мешавем, ки дувоздаҳ нафар аз номзадҳо ба аъзогии дастаи мунтахаби ҷавонони то 23 солаи Тоҷикистон (U-23), ки инҳо  – дарвозабонҳо Шоҳрух Қирғизбоев («Кӯктош»), Муҳриддин Ҳасанов («Истиқлол), муҳофизон Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Истиқлол»), Алиҷон Кароматуллозода (КМВА), ниммуҳофизон Эҳсони Паншанбе («Навбаҳор», Намангон), Ислом Зоиров («Истиқлол»), Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»), инчунин ҳамлагарон Шериддин Бобоев («Пенанг», Малайзия), Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова), Рустам Соиров («Истиқлол») ва Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон») мебошанд, айни замон дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар Ҷопон қарор доранд.

 

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) барои иштирок дар ҷамъомади омӯзишиву машқӣ дар Душанбе:

Дарвозабонҳо: Далер Азизов, Самандар Каримов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Аҳлиддин Ҳабибуллоев («Равшан» Зафаробод);

Муҳофизон: Наимҷон Ибрагимзода, Парвиз Боқиев (ҳарду аз «Хуҷанд»), Ҷонибек Шарипов (КМВА), Муҳаммад Саломзода («Кӯктош»), Ҳусейн Нурматов («Истаравшан»), Ҳувайдои Гулмурод, Маҳмуд Пиров, Шоҳрух Сангов (ҳама аз «Файзканд»), Исроил Холов («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадҷон Насков («Хатлон»);

Ниммуҳофизон: Шервони Мабатшоев (КМВА), Кароматулло Саидов («Равшан»), Далер Ёдгоров («Хуҷанд»), Абдусамад Самадов («Эсхата»), Шарафҷон Солеҳов («Кӯктош»), Сорбон Авғонов, Тоҳирҷон Тағойзода (ҳарду аз «Хатлон»), Саидмухтор Азимов («Истаравшан»), Шӯҳрат Элмуродов, Эмомалӣ Аҳмадхон (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Хуршед Абдуллоев («Динамо»);

Ҳамлагарон: Тоҳир Малодӯстов («Хуҷанд»), Аваз Қамчинов («Равшан»), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»).

Сардовар – Мубин Эргашев.

Назари худро бинависед