Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар бозии дӯстона бо мунтахаби миллии Ироқ ниммаи дуюми рӯз сиҳату саломат ба шаҳри Басра расид.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Басра ҳайати намояндагии мунтахаби миллии Тоҷикистонро намояндагони Ассотсиатсияи футболи Ироқ, Сафорати Тоҷикистон дар кишварҳои Кувайт, Ироқ ва Сурия, инчунин шумораи зиёди хабарнигорон гарм истиқбол намуданд.
Тими миллии Тоҷикистон ба Басра дар ҳайати 21 бозингар, аз ҷумла з дарвозабон, 6 муҳофизатгар, 8 ниммуҳофизатгар ва 4 ҳамлагар ҳозир шуд.
Ёдрас мешавем, ки бозӣ бо мунтахаби миллии Ироқ рӯзи душанбеи 24 май, дар Варзишгоҳи байналмилалии Басра баргузор мешавад. Оғози вохӯрӣ соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 21:30 ба вақти Душанбе) нақшагузорӣ шудааст.
Ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо мунтахаби миллии Ироқ (24 май):
Дарвозабонҳо:
Рустам Ятимов («Истиқлол»)
Муҳриддин Ҳасанов («Истиқлол»)
Шоҳрух Қирғизбоев («Кӯктош»)
Муҳофизон:
Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон)
Аҳтам Назаров («Истиқлол»)
Ваҳдат Ҳанонов («Истиқлол»)
Манучеҳр Сафаров («Истиқлол»)
Зоир Ҷӯрабоев («Истиқлол»)
Алиҷон Кароматуллозода (КМВА)
Ниммуҳофизон:
Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон)
Эҳсони Паншанбе («Навбаҳор», Узбекистон)
Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»)
Ислом Зоиров («Истиқлол»)
Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»)
Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»)
Хусрав Тоиров («Динамо», Душанбе)
Алиҷони Айнӣ (бе даста)
Ҳамлагарон:
Шериддин Бобоев («Пенанг», Малайзия)
Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»)
Рустам Соиров («Истиқлол»)
Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»)
Сармураббӣ – Усмон Тошев (Узбекистон).