Чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе, новобаста аз бохташ дар бозии даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФо-2021 аз дастаи АГМК бо ҳисоби 1 бар 2, дар гурӯҳи “А” мақоми аввалро ишғол намуда, ба бозиҳои марҳилаи 1/8 ниҳоии бузургтарин мусобиқаи бошгоҳии Осиё роҳ ёфт.
Дар бозии дигаи ин гурӯҳ «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА) бо ҳисоби 2 бар 0 «Ал-Ҳилол»-и Арабастони Саудиро мағлуб намуд.
Ба ин тартиб, дар гурӯҳи «А» дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон” ва «Ал-Ҳилол» “Арабистони Саудӣ) соҳиби 10 имтиёзӣ шуданд, аммо вобаста ба натиҷаи бозии байниҳамдигарӣ (1:3, 4:1) “Истиқлол” дар ҷадвали гурӯҳ мақоми аввалро ишғол намуда, ба марҳилаи 1/8 ниҳоии бузургтарин мусобиқаи бошгоҳии қораи Осиё роҳ ёфт.
Акнун дар марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 “Истиқлол” бо ғолиби гурӯҳи “Е”, дастаи “Персполис”-и Эрон вомехӯрад. Бозӣ бояд рӯзҳои 13 ва ё 14 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.
Дар бозиҳои дигари марҳилаи 1/8 ниҳоӣ дар минтақаи Ғарб санаи 13-14 сентябр дастаҳои ба тартиби зайл вомехӯранд: «Шарҷа» (АМА) – «Ал-Ваҳда» (АМА), «Истиқлол» (Эрон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – «Трактор» (Эрон).
Лигаи чемпионҳои КФО-2021
Гурӯҳи «А». Даври 6-ум
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – АГМК (Узбекистон) – 1:2
Голҳо: Зафар Полвонов, 67 (0:1). Йован Джокич, 79 (0:2). Рустам Соиров, 87 – аз пеналти (1:2).
«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мищенко, Муҳаммадҷон Раҳимов, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров, Шаҳром Сулаймонов (Хуршед Ҷӯраев, 81), Алишер Ҷалилов, Рустам Соиров, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Ҷалилов.
30 апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд.
«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА) – 0:2
Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И | ||
1 | «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) | 6 | 3 | 1 | 2 | 10-8 | 10 |
2 | «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) | 6 | 3 | 1 | 2 | 11-9 | 10 |
3 | «Шубоб Ал-Аҳли» (АМА) | 6 | 2 | 1 | 3 | 6-6 | 8 |
4 | АГМК (Узбекистон) | 6 | 2 | 1 | 3 | 9-13 | 7 |
Минтақаи Ғарб
1/8 финал
13-14 сентябр
«ИСТИКЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Персполис» (Эрон)
«Шарҷа» (АМА) – «Ал-Ваҳда» (АМА)
«Истиқлол» (Эрон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)
«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – «Трактор» (Эрон)