Ҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва “Истиқлол” -и Душанбе Искандар Ҷалилов, ки қабл аз бозии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 бо тими миллии Муғулистон дар маҳалли ҷойгиршавии тими миллӣ шадидан осеб бардошта буд, амалиёти ҷарроҳиро дар Маскав бомуваффақият гузаронд.
Футболбози тоҷикро дар клиникаи осебшиносӣ ва ортопедияи “Кураре Хиругия”-и шаҳри Маскав ҷарроҳӣ карданд.
“Ташаккур ба ҳамаи Шумо барои паёмҳо ва дастгириятон. Ман аз якояки Шумо миннатдорам. Ташаккур ба бачаҳо, ҳамдастаҳо ва шарикони бошгоҳ! Мехостам ба Ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо, ки аз рӯзҳои аввали пас аз осеб бардоштанам пайваста бо ман дар тамос буд ва амалиёти маро назорат мекард, изҳори миннатдории махсус баён намоям. Ман, инчунин мехоҳам ба Президенти бошгоҳи “Истиқлол” Шоҳрухи Саидзода барои ҳама гуна дастгирияшон ташаккур гӯям. Амалиёт дирӯз дар клиникаи ҷарроҳии осебшиносӣ ва ортопедияи “Кураре Хирургия”-и шаҳри Маскав гузаронида шуда, худоро шукр бомуваффақият анҷом ёфт. Ба гуфтаи табибон, муҳлати барқарорсозӣ 5-6 моҳро дар бар мегирад. Боварӣ дорам, ки ҳамааш хуб мешавад ва ман ба майдон боз ҳам қавитар шуда, бармегардам”, – гуфт Искандар Ҷалилов, ҳимоятгари тими мунтахаби Тоҷикистон.