Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Конфедератсияи футболи Осиё барои дар Тоҷикистон гузаронидани марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо ва Ҷоми КФО-2021 дархост пешниҳод намуд.
Дар дархости Федератсияи футболи кишвар пешниҳод мешавад, ки марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 бо иштироки қаҳрамони Тоҷикистон – “Истиқлол”-и Душанбе, дар гурӯҳи “А”, дар Тоҷикистон ташкилу баргузор карда шавад. Дар ин гурӯҳ, дар баробари қаҳрамони мо, дастаҳои футболи “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ) ва “Шубоб Ал-Аҳли Дубай” (ИМА), инчунин ғолиби ҷуфти бозии плей-офф байни дастаҳои «Ал-Ғурафа» (Қатар) – АГМК (Узбекистон) иштирок мекунанд. Муҳлати баргузории марҳилаи гурӯҳӣ дар гурӯҳи “А” ба таври мутамаркиз аз 15 то 30 апрел нақшагузорӣ шудааст.
Ба ғайр аз ин, Федератсияи футболи кишвар ба КФО ҷиҳати дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор баргузор намудани марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021-ро дар гурӯҳҳои “Е” ва “F” дархост ирсол кардаст. Дар гурӯҳҳои номбаршуда, дастаҳои футболи “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд баромад мекунанд.
Дар ин мусобиқаи бошгоҳии аз лиҳози дараҷабандӣ дувуми Конфедератсияи футболи Осиё дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар гурӯҳи “Е” бозӣ мекунад. Рақибони “Равшан” дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа қаҳрамони Қирғизистон, дастаи “Дордой”-и Бишкек ва ноиб-қаҳрамони Туркманистон, дастаи “Аҳал” мебошанд.
Ҷоизадори медалҳои нуқраи мавсими футболи соли гузаштаи қаҳрамонии Тоҷикистон – дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд бошад, дар Ҷоми имсолаи КФО дар гурӯҳи “F” баромад мекунад. Рақибони дастаи соҳили Сирдарё дар гурӯҳ дастаҳои АГМК ва ё «Насаф»-и Узбекистон, “Олтин Асир”-и Туркменистон ва “Олой”-и Қирғизистон ҳастанд.
Баргузории марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 дар шакли мутамаркиз аз 14 то 20 май ба нақша гирифта шудааст. Ғолибони гурӯҳ дар финали минтақавӣ, ки аз ду бозӣ иборат аст, вомехӯранд. Санаи баргузории бозиҳои финали минтақавӣ рӯзҳои 11 ва 25 август нақшагузорӣ гардидаст.
Макони гузаронидани марҳилаҳои гурӯҳии мусобиқаҳои бонуфузи бошгоҳии Осиёро Конфедератсияи футболи қоравӣ баъдтар эълон хоҳад кард.