Дастаи мунтахаби наврасони то 17 солаи Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар 17-умин мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Рушд-2021”, ки аз 31 январ то 6 феврал дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус баргузор мегардад, ширкат хоҳад намуд.
Дар мусобиқаи имсола чор дастаи мунтахаби наврасони то 17 сола ширкат меварзанд. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон рӯзи 31 январ бо наврасони Қазоқистон, рӯзи 3 феврал бо ҳамсолони худ аз Молдова ва рӯзи 6 феврал бо соҳибони майдон – дастаи мунтахаби наврасони Беларус бозӣ мекунад. Бозиҳои мусобиқа дар манежи футболии синск доир мешаванд. Мусобиқа аз рӯи низоми даврӣ дар як қисм доир шуда, ғолибон аз рӯи шумораи бештари имтиёзҳои соҳибшудаашон маълум мешаванд.
Мусобиқаи байналмилалии наврасон «Ҷоми Рушд-2021» дар Минск
Даври 1-ум
31 январ (якшанбе)
14:00 – Қазоқистон – ТОҶИКИСТОН
17:30 – Беларус – Молдова
Даври 2-юм
3 феврал (чоршанбе)
14:00 – ТОҶИКИСТОН – Молдова
17:30 – Беларус – Қазоқистон
Даври 3-юм
6 феврал (шанбе)
14:00 – Молдова – Қазоқистон
17:30 – Беларус – ТОҶИКИСТОН
ЭЗОҲ: замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе