Дар марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар минтақаи Суғд даҳ даста иштирок мекунад. Бозиҳои мусобиқа дар ин минтақа дар варзишгоҳи “Лочин” баргузор мешаванд.
Дастаҳо мувофиқи қуръакашӣ ба ду гурӯҳӣ 5 дастагӣ ҷудо шуданд. Тибқи Низомномаи мусобиқа ғолибини гурӯҳ ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ меёбанд. Марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 дар шаҳри Душанбе доир хоҳад шуд.
Ҷоми ФФТ-2021
Марҳилаи пешакӣ. Минтақаи Суғд
Гурӯҳи «А»: «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Мактаби махсусгардонидашудаи футбол-Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров), «Сирдарё» (Хуҷанд), «Гулистон» (Гулистон), «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов).
Гурӯҳи «Б»: «Истаравшан» (Истаравшан), Мактаби махсуси футбол (Конибодом), «Эсхата» (Хуҷанд), «Мастчоҳ» (Мастчоҳ), «Зарафшон» (Ҷаббор Расулов).
Тақвими бозиҳои ду даври аввал:
Даври 1-ум
21 январ (панҷшанбе)
10:00 – «Сирдарё» – «Гулистон»
14:00 – «Мактаби махсусгардонидашудаи футбол-Парвоз» – «Пахтакор»
22 января (ҷумъа)
10:00 – «Эсхата» – «Мастчоҳ»
14:00 – “Мактаби махсуси футбол” (Конибодом) – «Зарафшон»
Даври 2-юм
24 январ (якшанбе)
10:00 – «Пахтакор» – «Сирдарё»
14:00 – «Хуҷанд» – «Мактаби махсусгардонидашудаи футбол-Парвоз»
25 январ (душанбе)
10:00 – «Зарафшон» – «Эсхата»
14:00 – «Истаравшан» – “Мактаби махсуси футбол” (Конибодом)