Рӯзи 8 январ, дар тамоми гӯшаҳои кишвар зери шиори “Футбол барои ҳама” лоиҳаи барномаи кӯдакона оғоз ёфт, ки ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Иди футбол, ки аз ҷониби Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон ташкил карда шудааст, дар шаҳри Душанбе (15 даста), вилоятҳои Суғд, Хатлон, ШНТМ (ҳар кадоме 12 даста) ва ВМКБ (18 даста) дар байни кӯдакон дар се гурӯҳи синну сол – U-7, U- 9 ва U-11 баргузор мешавад. Дар шаҳри Бохтар ин мусобиқа ҳафтаи оянда баргузор хоҳад шуд.
Ба гуфтаи директори ЛФКНТ Увайдо Давлатбеков, вижагии лоиҳа на муайян кардани ғолибон, балки дар кӯдакон парваридани муҳаббати футбол аз хурдӣ мебошад.
Тибқи нақшаи ташкилкунандагон, ҳар як даста чаҳор бозӣ анҷом медиҳад. Лоиҳа тақрибан ҳазор кӯдаки аз 6 то 11-соларо фаро мегирад. Пас аз ба итмом расидан, ҳар як бозингар барои иштирок медали хотиравӣ мегирад.