Рӯзи 9 декабр, дар бари варзишии “Истиқлол”-и пойтахт маросими расмии супурдани медалҳои хурди тилло ба ҳайати ҷавонони дастаи “Локомотив-Помир”-и Душанбе барои пирӯзӣ дар мусобиқаи имсола байни ҳайати ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар мавсими сипаришуда, захиравиёни “Локомотив-Помир” таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар мусобиқа байни ҳайати ҷавонони дастаҳои Лигаи олии Тоҷикистон 18 бозӣ гузаронида, дар 15 бозӣ ғалаба ба даст овард ва ду бозиро мусовӣ анҷом дода, ҳамагӣ дар як вохӯрӣ мағлуб шуд. Тавре ки шумо медонед, дастаи мунтахаби наврасони то 16 солаи Тоҷикистон, маҳз аз ҳамин даста устухонбандӣ мешавад.
Дар маросими супоридани мукофотҳо ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов баромад намуд. Зимни баромадаш Алишер Додоҷонович ҳайати ҷавонони дастаи «Локомотив-Помир»-и пойтахтро бо ба даст овардани медалҳои тилло табрик гуфта, ба бачаҳо дар марҳилаи ниҳоии чемпионати наврасони Осиё дар Баҳрайн, ки соли оянда баргузор хоҳад шуд, барору муваффақият орзу намуд.
Директори клуби «Локомотив-Помир» Анваршо Мирзоев низ дар назди бозингарон баромад карда, онҳоро ба ин муваффақият табрик гуфт ва дар фаъолияти минбаъдаашон барору комёбӣ орзу намуд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов ва Директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов ба бозигарон ва ҳайати мураббиёни даста медалҳои тилло ва Ҷоми пирӯзӣ дар мусобиқаи имсоларо тақдим карданд.