Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2020 омодагӣ мебинад – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2020 омодагӣ мебинад

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ, мутахассиси гурҷӣ Александр Дзабирадзе омодагиро барои ширкат дар марилаи ниҳоии чемпионати Осиё, ки аз 2 то 13 декабр дар давлати Кувайт баргузор мешавад, оғоз кард.

Дар ҷамъомади омӯзишиву машқӣ, ки то рӯзи 10 октябр баргузор мешавад, сармураббӣ Александр Дзабирадзе 18 бозигарро даъват намудааст, ки аз инҳо з кас дарвозабон мебошад.

Ёдрас мешавем, ки дар 16-умин чемпионати Осиё, ки аз 2 то 13 декабр дар Кувайт баргузор мегардад, дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бармад мекунад. Рақибони футзалбозони мо дастаҳои мунтахаби миллии футзали Туркманистон, Ветнам ва Умон мебошанд.

Панҷ дастаи беҳтарини иштирокчии марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2020 соҳиби роҳхат ба 9-ум чемпионати ҷаҳон оид ба футзал мешаванд. Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал соли оянда дар давлати Литва баргузор мегардад.

 

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар ҷамъомади омӯзишиву машқӣ дар Душанбе:

ДарвозабонҳоФирӯз Бекмуродов («Сипар»), Муродулло Алиқулов («Соро компания»), Нуриддин Ҷабборов («Муҳоҷир»);

Бозигарони майдонМуҳаммад Шарипов, Умед Кузиев, Рустам Ҳамидов, Некрӯз Алимаҳмадов, Идрис Ёров, Муҳаммад Раҷабов (ҳама аз «Соро компания»), Дилшод Саломов, Раҳмоналӣ Шарипов, Собирҷон Гуляков, Баҳодур Хоҷаев, Иқбол Воситзода, Парвиз Раҳматов, Алишер Сафаров (ҳама аз «Сипар»), Самандар Ризомов, Бахтиёр Солиев (ҳарду аз «Муҳоҷир»).

Сармураббӣ – Александр Дзабирадзе (Гурҷистон).

Назари худро бинависед