Дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи занона бозиҳои даври сеюм баргузор шуданд.
Дар ин давр ғолиби феълии лига дастаи футболи “Хатлон”-и Бохтар дар сафар бар дастаи футболбоздухтарони “Бешкент” бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуд. Футболбозони дастаи “Зебонисо”-и пойтахт бошанд дар ин давр ба дарвозаи дастаи «Панҷшер» чордаҳ голи беҷавоб заданд. «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби калони 6 бар 0 “Ҳосилот”-и Фархорро шикаст дод. «Чашма»-и Шаҳритуз бо ҳисоби минималии 1 бар 0 “Равшан”-и Кӯлоб ва футболбоздухтарони “Зебо” дар сафар бар дастаи “Барқ” бо ҳисоби 5 бар 0 дастболо шуданд.
Баъди се даври бозиҳо дар ҷадвали мусобиқа дастаҳи “зебо” ва “Хатлон” бо 9 имтиёзӣ пешсаф мебошанд.
Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи занона. Даври 3-юм
«Бешкент» – «Хатлон» – 1:2
«Панҷшер» – «Зебонисо» – 0:14
«Регар-ТадАЗ» – «Ҳосилот» – 6:0
«Равшан» – «Чашма» – 0:1
«Барқ» – «Зебо» – 0:5
Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И | ||
1 | «Зебо» (Дӯстӣ) | 3 | 3 | 0 | 0 | 14-0 | 9 |
2 | «Хатлон» (Бохтар) | 3 | 3 | 0 | 0 | 11-1 | 9 |
3 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 3 | 2 | 0 | 1 | 17-1 | 6 |
4 | «Зебонисо» (Душанбе) | 3 | 2 | 0 | 1 | 17-2 | 6 |
5 | «Чашма» (Шаҳритус) | 3 | 2 | 0 | 1 | 7-12 | 6 |
6 | «Бешкент» (Носири Хусрав) | 3 | 1 | 0 | 2 | 4-5 | 3 |
7 | «Барқ» (Норак) | 3 | 1 | 0 | 2 | 1-13 | 3 |
8 | «Ҳосилот» (Фархор) | 3 | 0 | 1 | 2 | 1-9 | 1 |
9 | «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) | 3 | 0 | 1 | 2 | 2-21 | 1 |
10 | «Равшан» (Кӯлоб) | 3 | 0 | 0 | 3 | 0-10 | 0 |
Нишонзанҳо: Меҳрангез Шарипова («Зебо»), Зулайхо Сафарова («Регар-ТадАЗ») – 6 голӣ, Умеда Ҷалилова («Чашма»), Лайло Ҳалимова («Хатлон»), Мадина Фозилова («Зебонисо») – 5 голӣ.
Дар даври 4-ум вомехӯранд:
15 июл (чоршанбе)
«Хатлон» – «Зебо»
«Чашма» – «Барқ»
«Ҳосилот» – «Равшан»
«Зебонисо» – «Регар-ТадАЗ»
«Бешкент» – «Панҷшер»