Рӯзи чоршанбе, 24 июн, Лигаи наврасони Тоҷикистон байни бозигарони то 18-сола шурӯъ мешавад. Дар мусобиқа нӯҳ даста иштирок мекунад.
Дар арафаи оғози мусобиқаи қаҳрамонӣ байни дастаҳои наврасони то 18 сол (U-18) дар идораи Федератсияи футболи Тоҷикистон бо иштироки мураббиёни дастаҳои иштирокчӣ вохӯрии машваратӣ баргузор гардид.
Дар мавсими имсола дар лигаи наврасони Тоҷикистон байни бозигарони то 18 сол нӯҳ даста ширкат меварзад. Инҳо “Ашт” (сармураббӣ Шараф Дадоматов), “Орзу- 26” (Рустам Қурбонов), “Рашван” (Ҷаваршо Шоҳғиёсов), МҶМОВ (Зафар Игамбердиев), “Регар-ТадАз” (Фаррух Чориев), ММВЗО (Абдулҳамид Салимов), “Хатлон” (Камол Ортиқов), “Хуҷанд” (Ҷомихон Муҳиддинов) ва КМВА (Ҷамшед Тоҳирӣ) мебошанд. Шурӯъи мусобиқа рӯзи чоршанбеи 24 июн нақшагузорӣ шудааст.
Он гуне, ки директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков хабар дод, дар марҳилаи аввали мусобиқа, ки аз ду қисм иборат аст, дастаҳо дар хонаи худ ва дар майдони ҳариф бо ҳам вомехӯранд. Баъдан, чор дастаи ҷойҳои аввали ҷадвали мусобиқа ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфта, боз ба тартиби болозикр дар ду қисм ба ҳам рақобат мекунанд.
Ба гуфтаи Давлатбеков, пандемияи ҷаҳонии коронавирус ба фаъолияти Лигаи наврасони Тоҷикистон низ тағйироти ҷиддӣ ворид кардааст.
“Дар вақти пандемия фаъолияти иншооти варзишӣ мутаваққиф карда шуд ва дастаҳои кӯдакон ва наврасон тамрин надоштанд. Бисёр мусобиқаҳои байналмилалӣ бекор карда шуданд. Бо хушнудии бозигарони мо мусобиқаҳои наврасон ба зудӣ оғоз мешаванд. Мо хуб медонем, ки бинобар вазъи душвори пандемия, дастаҳо аз ҷараёни омодагӣ маҳрум буданд ва имрӯз қариб тамоми дастаҳо дар як шароит қарор доранд. Ба ин тартиб, мо оғози мусобиқа байни дастаҳои футболи наврасони то 18 солро ҳафати ҷорӣ ба нақша гирифтем”, – қайд намуд директори Лигаи футболи кӯдакону наврсони Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков.
Дар вохӯрӣ бо намояндагони дастаҳо инчунин масъалаи риояи меъёрҳо ва талаботи санитарӣ дар чемпионати Тоҷикистон низ бардошта шуд.
Бояд қайд кард, ки ҳамаи сармураббиёни дастаҳои лигаи наврасони Тоҷикистон (U-18) аз ЛФКНТ либоси варзишӣ гирифтанд. Ғайр аз он, ба ҳамаи дастаҳо ду маҷмӯи либоси бозикунӣ ва тӯбҳои футболӣ тақдим карда шуд.