Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2020 рӯзи 4-уми апрел баргузор мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2020 рӯзи 4-уми апрел баргузор мешавад

Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2020, ки дар он чемпион ва барандаи феълии Ҷоми кишвар “Истиқлол”-и Душанбе бо дорандаи медалҳои нуқраи мавсими футболи соли гузаштаи Тоҷикистон  “Хуҷанд”-и Хуҷанд вомехӯрад, рӯзи 4 апрел баргузор хоҳад шуд.

Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо мешавад. Оғози бозӣ соати 17:00 ба нақша гирифта шудааст. Ин вохӯрӣ аз рӯи ҳисоб 11-ум бозӣ барои дарёфти суперҷоми Тоҷикистон мебошад.

Ёдрас мешавем, ки бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон аз соли 2010 шуру гашта,  то ин дам пайваста баргузор мешавад. Барандаи феълии Ҷом “Истиқлол”-и  Душанбе аст. Ҷоми мазкурро дастаи пойтахт ҳашт маробита – солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018 ва 2019 соҳиб шудааст. Соли 2013 Суперҷоми Тоҷикистонро “Равшан”-и Кӯлоб ва соли 2017 бошад, «Ҳосилот»-и Фархор ба даст оварданд. “Равшан” онро дар бозӣ бо “Регар-Тадаз» (2:1) ва «Ҳосилот», дар бозӣ бо “Истиқлол” (2:1) соҳиб гаштанд.

 

Суперҷоми Тоҷикистон-2020

4 апрел (шанбе)

Оғоз соати 17:00

«Истиқлол» – «Хуҷанд»

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

Ҳамаи бозиҳо барои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2019):

2010 – «Вахш» (Қӯрғонтепа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2013 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Бо пеналти – 4:3

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:2

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0

Назари худро бинависед