Мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) барои иштирок дар чемпионати CAFA-2026 ба Тошканд сафар кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) барои иштирок дар чемпионати CAFA-2026 ба Тошканд сафар кард

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии сармураббӣ Фарҳод Холбеков барои иштирок дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ба шаҳри Тошканд сафар кард.

Дар чемпионати CAFA-2026 мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон бо дастаҳои Ӯзбекистон (15 сентябр), Эрон (17 сентябр) ва Қирғизистон (19 сентябр) бозӣ мекунад.

Мусобиқа аз рӯи низоми даврӣ дар як марҳила баргузор шуда, ҳар як мунтахаб се бозӣ анҷом медиҳад. Ҳамаи вохӯриҳо дар варзишгоҳи «Дӯстлик»-и шаҳри Тошканд баргузор мешаванд.

Барои мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) чемпионати CAFA-2026 яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 ба ҳисоб меравад. Марҳилаи интихобӣ аз 5 то 11 октябр дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода доир хоҳад шуд.

Назари худро бинависед