ФФТ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор намуд – Федерация Футбола Таджикистана

ФФТ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор намуд

Дар меҳмонхонаи «Crowne Plaza»-и шаҳри Душанбе чорабинии тантанавии Федератсияи футболи Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, собиқадорони футбол, сарпарастон ва шарикон, роҳбарони лигаҳо, раёсату шуъбаҳои ФФТ, кормандони Федератсия, намояндагони федератсияҳои минтақавии футбол, рӯзноманигорон ва блогерон иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ дар чорабинӣ ноиби якуми президенти ФФТ Хуршед Мирзо ҳозиринро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, нақши муҳими футболро дар ҳаёти кишвар ва саҳми назарраси Ҳукумати кишварро дар рушди футбол таъкид кард.

Ӯ зикр намуд, ки соли 2026 барои футболи тоҷик яке аз солҳои муваффақ ба ҳисоб меравад. Бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Варзоб ва Варзишгоҳи нави миллӣ дар шаҳри Душанбе ба истифода дода шуданд.

Ҳамчунин, мунтахаби Тоҷикистон бори дуюм дар таърихи худ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт, дастаи ҷавонони кишвар (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳхат гирифт ва мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷоми Осиё-2026 дар Арабистони Саудӣ баромади муваффақона нишон дода, соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2026 гардид.

Дар ҷараёни чорабинӣ таъкид гардид, ки натиҷаҳои бадастомада барои идомаи корҳо ва ба даст овардани пирӯзиҳои нав дар арсаи байналмилалӣ ангезаи муҳим мебошанд. Дар назди футболи тоҷик вазифаҳои нав қарор доранд ва Федератсияи футболи Тоҷикистон нақша дорад, фаъолияти худро дар самти рушди дастаҳои мунтахаб, футболи бошгоҳӣ ва инфрасохтори футбол идома дода, ба омодасозии истеъдодҳои ҷавон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намояд.

Дар доираи чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба як қатор кормандони фаъол сипосномаҳо тақдим карда шуданд.

Назари худро бинависед