Чемпионати CAFA-2026 миёни дастаҳои бонувони то 20-сола дар Ҳисор ба анҷом расид – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпионати CAFA-2026 миёни дастаҳои бонувони то 20-сола дар Ҳисор ба анҷом расид

Дар шаҳри Ҳисор чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA-2026) миёни дастаҳои бонувони то 20-сола ба анҷом расид.

Дар мусобиқа чор даста – мунтахабҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Қирғизистон ширкат варзида, рақобатҳо аз рӯйи низоми даврӣ (як марҳила) баргузор шуданд.

Дар натиҷаи мусобиқа мунтахабҳои Ӯзбекистон ва Эрон ҳар кадом 7 имтиёз ба даст оварданд. Бинобар беҳтар будани таносуби тӯбҳо мунтахаби Ӯзбекистон қаҳрамони мусобиқа гардид. Медалҳои нуқра насиби тими Эрон, медалҳои биринҷӣ бошад, насиби мунтахаби Қирғизистон шуд, ки бо 3 имтиёз мусобиқаро ба анҷом расонд. Дастаи Тоҷикистон дар ҳар се бозии худ мағлуб гардида, дар зинаи охир қарор гирифт.

Пас аз анҷоми чемпионати CAFA-2026 ба мунтахаби Тоҷикистон ҷоизаи махсус тақдим гардид. Дастаи Ӯзбекистон бошад, соҳиби ҷоизаи «Fair Play» («Бозии одилона») шуд. Беҳтарин бозигари мусобиқа Шаҳноза Деканбаева (Ӯзбекистон) эътироф гардид. Шаҳзода Алихонова, ҳамватани ӯ, унвони беҳтарин нишонзани чемпионатро соҳиб гардид.

Қобили зикр аст, ки мусобиқаи навбатӣ ва охирини CAFA дар соли ҷорӣ чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои мунтахаби духтарони то 17-сола моҳи сентябр дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад.

Назари худро бинависед