«FIFA Women’s Football Campaign»: фестивал ва мусобиқаи футбол дар Қубодиён – Федерация Футбола Таджикистана

«FIFA Women’s Football Campaign»: фестивал ва мусобиқаи футбол дар Қубодиён

Дар доираи барномаи рушди футболи занона «FIFA Women’s Football Campaign», ки ба густариш ва тарғиби футболи занона дар Тоҷикистон равона шудааст, имсол дар минтақаҳои гуногуни кишвар панҷ фестивал ва мусобиқаи футбол баргузор мегарданд.

Ҳадафи лоиҳаи «FIFA Women’s Football Campaign» тағйир додани муносибат ба футболи занона дар кишвар, ҷалби духтарон ба машғулиятҳои футбол ва ҳавасманд намудани онҳо барои идомаи ин намуди варзиш мебошад. Барномаи мазкур ҳамчунин ба фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои кӯдакон нигаронида шудааст.

Аввалин фестивал ва мусобиқа дар ноҳияи Қубодиён баргузор шуда, дар он 200 духтари аз 6 то 12-сола иштирок кард. Барои иштирокчиён эстафетаҳои футболӣ, машқҳои шавқовар ва бозиҳои хурд ташкил гардиданд, ки ба кӯдакон ҳиссиёти фараҳбахш ва хотираҳои фаромӯшнашаванда бахшиданд.

Пас аз анҷоми ҷашнвора ба ҳамаи иштирокчиён медал, тӯб ва либосҳои варзишӣ тақдим шуда, ин иқдом ангезаи иловагӣ барои идомаи бозии футбол ба ҳисоб меравад.

Назари худро бинависед