Мунтахаби Тоҷикистон тамринҳои ниҳоии худро пеш аз бозии дӯстонаи дуюм муқобили мунтахаби Ҳиндустон баргузор намуд.
Машқҳои пеш аз бозии дастаи мо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир гардид. Ба рақобати дарпешистода ҳамаи 26 бозигаре, ки дар ихтиёри ҳайати мунтахаб қарор доранд, омодагӣ диданд. Бозигарон бо рӯҳияи баланд ва масъулияти зиёд тамрин карда, ба тактика ва иҷрои зарбаҳои стандартӣ диққати махсус доданд.
Қобили зикр аст, ки бозии дӯстонаи дуюми мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон рӯзи 9 июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мегардад.