Имрӯз, 5 июн барои дӯстдорони футбол, ки мехоҳанд бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҳиндустонро дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена» тамошо кунанд, автобусҳои ройгон аз Душанбе ба Турсунзода ташкил карда мешавад.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои мухлисон Федератсияи футболи Тоҷикистон панҷ автобус ҷудо намудааст. Ҳаракати автобусҳо соати 17:00 аз назди Варзишгоҳи марказии Душанбе дар назар аст.
Пас аз анҷоми бозӣ автобусҳо мухлисонро ба Душанбе бармегардонанд. Баргашт аз шаҳри Турсунзода соати 22:00 ба нақша гирифта шудааст.
Нархи чипта барои ҳамаи қисматҳои варзишгоҳ 20 сомониро ташкил медиҳад.
Ба «ТАЛКО-Арена» биёед ва мунтахаби Тоҷикистонро дастгирӣ намоед! Якҷоя фазои фаромӯшнашавандаи футболиро дар варзишгоҳ эҷод мекунем!