Тими миллии Тоҷикистон тамринҳои охирини худро пеш аз нахустин бозии дӯстона муқобили яккачини Ҳиндустон баргузор намуд.
Машқҳои пеш аз бозии даста дар варзишгоҳи ТАЛКО-Арена доир гардида, як соат идома ёфт.
Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон нимҳимоятгари бошгоҳи “Локомотив”-и Булғористон Парвизҷон Умарбоев ҳамроҳ шуд. Ҳамин тариқ, дар ихтиёри сармураббии даста Игор Ангеловский ҳамаи 26 бозигари даъватшуда қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки бозии дӯстонаи якум байни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон рӯзи 5 июн дар варзишгоҳи ТАЛКО-Арена баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мегардад.