Нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон ва ноиб-сарвони даста Алишер Ҷалилов дар нишасти матбуотӣ пеш аз бозиҳои дӯстона муқобили мунтахаби Ҳиндустон иштирок кард.
«Мунтахаби Ҳиндустонро аз бозиҳои Ҷоми миллатҳои CAFA-2025 хуб мешиносем. Ин як дастаи хуб, муташаккил ва рақиби ҷиддӣ аст. Соли гузашта мо аз онҳо шикаст хӯрдем, бинобар ин ҳоло ангезаи бештар дорем, то беҳтарин сифатҳои худро нишон диҳем ва ба натиҷаи мусбат ноил гардем. Аммо муҳимтар аз ҳама барои мо нишон додани футболи босифат ва иҷрои талаботи ҳайати мураббиён мебошад.
Ба талаботи ситоди нави мураббиён одат карда истодаем. Аз рӯзҳои аввали фаъолият эҳсос мешавад, ки Игор Ангеловский мутахассиси хуб ва серталаб аст. Ӯ ба интизом, ташкили бозӣ ва ҷузъиёти он диққати махсус медиҳад. Ҳамаи бозигарон кӯшиш мекунанд, ки ҳарчӣ зудтар ба талаботи ӯ мутобиқ шаванд ва ғояҳои ӯро дар майдон амалӣ созанд.
Бозиҳои дарпешистода барои мо дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 дар Арабистони Саудӣ муҳим мебошанд. Ҳар як рақобат ҳоло аҳамияти калон дорад. Умедворам, ки мухлисонамонро бо бозии хуб ва натиҷаи мусбат шод хоҳем кард», – гуфт Алишер Ҷалилов.